Ҳотамов Мамадназар

ноҳияи Рушон, деҳаи Баррушон, кучаи Тапалак.,
Ҳотамов Мамадназар Ҳотамов Мамадназар is one of the popular Actor located in ,ноҳияи Рушон, деҳаи Баррушон, кучаи Тапалак. listed under Actor in ноҳияи Рушон, деҳаи Баррушон, кучаи Тапалак. ,

Contact Details & Working Hours

More about Ҳотамов Мамадназар

Ҳотамов Мамадназар

(08.03.1916-06.2006),
деҳаи Баррушон, ноҳияи Рушон, Артисти
Хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Дар оилаи ҳофиз таваллуд шудааст. Соли 1933 бо таклифи Марватшо Бандишозода узви клуби ноҳияи Рушон шуда кор мекунад. Соли 1938 баъд аз ба театри вилояти рафтани устодаш Марватшо Бандишоев мудири клуби маркази ноҳияи Рушон таъин мешавад. Сахми Мамадназар Ҳотамов дар ташкили Ансамбли этнографии Помир хеле калон аст. Вай ҳамчунин сарвари клуб санъатварони боистеъдодро ҷамъ намуд.

Соли 1941 дар Деҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва ҳамчунин балейтместер, ба саҳнагузорандани рақсхо иштирок намуд. Соли 1948-1950 вазифаи директории театри драмави мусиқии шаҳри Хоруғро бар дӯш дошт. Соли 1950 бо вазъи оилави ба деҳааш баргашта, мудири клуби дҳаи Баррушон таъин шуд. Дар ин вазифа то соли 1955 кор кард.

Баъдан боз ба Душанбе даъват шуда, балейтместери Ансамбли тарона ва ракси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа солхои 1950-1955 кор кард. Солхои 1950-1960 боз вазифаи директории театри драмави мусиқии шаҳри Хорӯғро иҷро намуд. Соли 1961 ба ноҳияи Рушон омада, дар ташкили театри мардуми саҳмиягузор гашт. Вай аз аввали ташкилшавиаш соли 1961-1976 дар вазифаи директории театри мардумии ноҳияи Рушон кор кард ва соли 1976 ба нафака баромад.

Ҳотамов Мамадназар дар давоми фаъолияти эҷодияш зиёда аз 250 рақси гуруҳию якка, cюитаҳои рақсиву мусиқави ва композитсияхои адабию мусиқавиро таҳия ва ба саҳна гузоштааст.

Map of Ҳотамов Мамадназар